Дар Душанбе бахшида ба ҷашни Наврӯз мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд

Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт-2018» мусобиқаҳои кушоди варзишии гӯштини миллӣ, пойгаи аспдавонӣ ва теннис миёни наврасону духтарон баргузор мешаванд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, мусобиқаи гӯштини миллӣ  26 март,  соати 14:00, мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ 31 март, соати 14:00 дар Наврӯзгоҳ ва мусобиқаи теннис миёни наврасону духтарон аз 21 то 24 март дар Қасри теннис, Корти тенниси Роҳи оҳан ва «Тоҷварз» доир мегарданд.

АМИТ "Ховар"