Дар Душанбе аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид

Имрӯз дар меҳмонхонаи «Hyatt Regency»-и шаҳри Душанбе  аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид.

ҷаласаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани бандҳои Протоколи ҷаласаи 5-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон  доир карда шуд. Дар ҷаласа зиёда аз 120 нафар соҳибкорони ду давлати ба ҳам дӯст- Тоҷикистон ва Ӯзбекистон  иштирок намуданд.

«Аввалин ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар арафаи сафари  давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардид, ки барои рушду густариши ҳамкориҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодии соҳибкорони ҳарду мамлакат мусоидат хоҳад кард», — иброз дошт Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид.

Зикр шуд, ки дар рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии ду мамлакат баргузории намоишу ярмаркаҳо нақши муҳим мебозад. «Соли 2017 ду номоиш-ярмаркаи бузурги Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардиданд, ки ба муаррифии молу маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ байни ду кишвари ҳамҷавор, ҷалби сармоя, пайдо намудани шарикони ҳамкор такон бахшида,  дар таҳкими дӯстиву бародарӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва афзоиши ҳаҷми мубодилаи мол байни ду кишвари ҳамсоя шароити мусоид фароҳам овард»,-илова намуд Шариф Саид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Адҳам Икромов иброз дош, ки  Президент Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ бо давлатҳои ҳамсояро яке аз  самтҳои авлавиятноки сиёсати худ қарор дода, рушди босуботи онро аз ҳадафҳои асосии Хукумати ҶӮ арзёбӣ мекунад.

Дар ин раванд дар давоми як соли охир миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун рушд ёфта, дар оянда боз тақвият дода мешаванд.

Пагоҳ дар шаҳри Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти корхонаву ширкатҳои Ӯзбекистон таҳти унвони «Made in Uzbekistan» баргузор мегардад,  ки дар он молу маҳсулоти беш аз 60 корхонаи бузурги Ӯзбекистон ба маърази тамошо ва фурӯш гузошта мешаванд» ,- зикр шуд дар идомаи ҷаласа.

Дар фарҷоми ҷаласаи Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон якчанд  санадҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонида шуданд.

АМИТ "Ховар"