Масъулини Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар натиҷаи як пурсиш миёни донишҷӯёни макотиби олии кишвар маълум кардаанд,ки қисми зиёди донишҷӯён аз ихтисосҳои интихоб намудаашонро розӣ ҳастанд.
Гуфта мешавад, пурсиши мазкур соли 2016 дар 32 донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Қурғонтеппа, Хуҷанд, Хоруғ, Кӯлоб, Панҷакент, Исфара ва Бӯстон, дар байни 3790 донишҷӯ дар доираи 195 ихтисос гузаронида шудааст.
«Барои баргузории ин тадбир пурсишномаи иборат аз 16 саволу 6 зерсавол бо забонҳои тоҷикию русӣ таҳия шуда, саволҳои пешниҳодшуда назари донишҷӯёнро оид ба ҷараёни ИМД (Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ) дарбар мегирифт. Пурсиш муайян намуд, ки аз шумораи умумии донишҷӯёни иштирокнамуда 3006 нафар (79,31%) аз ихтисоси интихобкардаашон розӣ буда, 6,41%-и пурсидашудагон ихтисосҳоро тасодуфӣ ё бе ихтиёри худ (яъне таҳти андеша ва таъсири дигарон) интихоб кардаанд», -меафзояд манбаъ.