Дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ варзишгари тоҷик Шаҳриёр Даминов сазовори медали нуқра шуд

Шаҳриёр Даминов, варзишгари шинохтаи тоҷик, дар Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ, ки имрӯзҳо дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардуми Чин ҷараён дорад, дар масофаи 1000 метр (С-1) бо натиҷаи 3:57:758 сазовори медали нуқра шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар марҳилаи финалии мусобиқа 9 нафар  варзишгари шинохта   иштирок намуданд. Ҷои аввал насиби варзишгари Ӯзбекистон Вадим Менков (3:57:388), ҷои сеюм насиби варзишгари мизбон Пенгфей Женг (3:58:786) гардид.

Ёдовар мешавем, ки   мусобиқаи мазкур 15 октябри соли равон шурӯъ шуда, имрӯз ба анҷом мерасад. Дар он варзишгарони 21 давлат ширкат доранд.

Ба иттилои Нодирҷон Сафаров, котиби генералии Федератсияи қаиқронии Тоҷикистон, кишвари моро ба ғайр аз Шаҳриёр Даминов Нурмуҳаммади Тоҳир, Зоирҷон Набиев, Абдураҳмон Абдураҳимов миёни калонсолон ва Зумрад Пирназарова миёни ҷавонон намояндагӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»