Дар Боғи «Ирам» ҷашни Садаро таҷлил мекунанд

29 январи соли равон Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаводорони рақсу суруд ва оҳангҳои дилнавозро ҷиҳати иштирок дар барномаи консертӣ бахшида ба ҷашни Сада, ки дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват мекунад.
Тавре аз Вазорати фарҳанг хабар доданд, ҳаводорони рақсу суруд ва оҳангҳои дилнавоз метавонанд аз тамошои ин намоиши консертӣ, ки соати 10:00 оғоз мешавад, дар мавзеи деҳаи шарқии Боғи «Ирам» баҳра бардоранд.
«Дар барномаи консертӣ устодони санъат ва ҳаваскорон, инчунин ҳунарпешагони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, оркестри эстрадии «Гулшан» ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ҳунарнамоӣ мекунанд»,- иттилоъ доданд аз Вазорати фарҳанг.

АМИТ «Ховар»

Tags: