Мулоқот бо коргарони НБО-и Роғун: ин иншооти азим ба дигаргунии иқлими ҷаҳон таъсири мусбат мегузорад!

Дирӯз, 12 апрели соли равон, гурӯҳи дуюми таблиғотиву ташвиқотӣ ҷиҳати суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО-и Роғун аз шаҳри Роғун боздид ба амал оварданд. Маврид ба зикр аст, ки гурӯҳи аввали таблиғотиву ташвиқотӣ 8 апрел бо кормандону бинокорони НБО-и Роғун мулоқот намуд.
Ин навбат гурӯҳи таблиғотиву ташвиқотиро барои суҳбату мулоқот бо кормандону муҳандисони НБО-и Роғун Шуҳрат Буриев, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа роҳбарӣ намуд. Ба ҳайати мазкур Абдураҳмон Хонов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, муовини аввали директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, Шералӣ Мусо, нависанда, Моҳира Сангмаҳмадова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мутахассисони гуногункасб шомил буданд.
Зимни мулоқот Шуҳрат Буриев нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар пешрафту дастовардҳои тамоми соҳаҳои муҳими кишвар, бахусус дар бунёди НБО-и Роғун баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт: «Имрӯз сохтмони ин иншооти барои миллати тоҷик тақдирсоз бомаром идома дорад. Бо шарофати шумо-фарзандони баномуси миллат, ки имрӯз дар бунёди он саҳми беназир доред, бори дигар ба ҷаҳониён исбот гардид, ки миллати тоҷик бунёдкунандаи азимтарин иншоот буда метавонад. Мо итминони комил дорем, ки баъд аз анҷоми сохтмони НБО Роғун ҳар яки шумо фахр хоҳед кард, ки дар бунёди ин иншооти тақдирсоз саҳм гузоштаед. Заҳматҳои қаҳрамононаи шумо дар дафтари таърих сабт хоҳад шуд».
Абдураҳмон Хонов саҳми бинокоронро дар бунёди ин иншооти азим барои миллати тоҷик муҳим арзёбӣ намуда, гуфт: «НБО-и Роғун на танҳо ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти соҳаҳои ҳаётан муҳими Тоҷикистон мусоидат мекунад, балки, тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «он на танҳо ба иқлими минтақа, балки ба дигаргунии иқлими ҷаҳон таъсири мусбат хоҳад гузошт». Ба ин хотир НБО-и Роғун баҳри ҳазорсолаҳо пешбинӣ шудаву мувофиқ ба талабот ва дар сатҳи олӣ бунёд гардидани он аз меҳнати имрӯзаи шумо, сохтмончиёну муҳандисон вобастагии зич дорад».
Дар мулоқот шоиру нависандагон дар назди кормандони неругоҳи Роғун аз эҷодиёти худ дар васфи ин иншооти азими аср шеърҳо хонда, онҳоро барои тезонидани корҳо ва бо сифати олӣ ба итмом расонидани сохтмони он рӯҳбаланд намуданд. Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб зимни қироати шеърҳо дар васфи НБО-и Роғун ва қаҳрамониҳои фарзандони миллат дар бунёди ин иншоот амалигардии боз як орзуи миллати тоҷикро ба ҳамагон муборакбод гуфт: «Замоне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шахсан дар бастани пеши дарёи Вахш, яъне оғози бунёди сарбанди НБО-и Роғун иштирок варзиданд. Ман ин ҳолатро дида, бо илҳоми шоирона мегуфтам, ки эй рӯди Вахш, он ҳама шӯру ғавғои худро пас биншон, ки ҳеҷ муқобилияте нишон натвонӣ дод, чун ин абармард пеши роҳи алангаи оташи бузург, яъне алангаи ҷанги бародаркушро гирифт ва чунин оташи пурғазабро фурӯ нишонд ва пеши роҳи туро ҳам хоҳад гирифт. Амалигардии боз як ормон баҳратон муборак бошад, эй мардуми сарбаланди тоҷик!».
Баъд аз суҳбату мулоқот бо ҳайати кормандони НБО-и Роғун ҳамчунин маҳфили консертӣ доир шуд, ки дар он ҳунармандони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карданд. Дар маҳфил гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Очаи Бикаю Зика» хотири бинокоронро болида гардониданд.
Мулоқоти навбатии аҳли зиёи кишвар бо бинокорони НБО-и Роғун 15 апрел дар назар дошта шудааст.

АМИТ "Ховар"