Дар Берлин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика миёни Тоҷикистону Германия баррасӣ шуданд

Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Раиси Раёсати Агентии энергетикии Германия Андреас Кулманн 17 октябр дар Берлин баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни суҳбат  дар баробари муҳокимаи масъалаҳои дуҷониба, ҳамчунин оид ба таҳким ва густариши муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаи энергетика, аз ҷумла, энергетикаи сабз, пайомадҳои тағйирёбии иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ, истифодаи самараноки манбаъҳои таҷдидшаванда ва таъмини рушди устувор табодули назар сурат гирифт.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

АМИТ "Ховар"