Дар барномаи бозиҳои олимпии Пекин-2022 тағйирот ворид карда шуд

Кумитаи миллии олимпӣ ба панҷ намуди варзиши барномаи  Бозиҳои олимпии зимистонаи соли 2022, ки маконаш пойтахти Ҷумҳурии мардумии Чин- шаҳри Пекин интихоб шудааст, тағйирот ворид намуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ин ташкилоти бузурги варзишии ҷаҳонӣ иттилоъ додааст.

Дар барномаи бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин-2022 дар намудҳои бобслей, фиристайл, фристайли  акробатикӣ, сноуборд -кросс, ҷаҳиш бо лижа аз ҷастангоҳ ва эстафета дар шорт-трек рақобатҳои нав ворид шудаанд. Дар аксари тағйироти воридшуда дар риштаҳои ҷолиби лижаронӣ, аммо каме хатарнок бонувон низ ҷалб шудаанд.

Ҳамзамон дар ин намудҳои варзиш рақобатҳои эстафета ва даставӣ низ дохил гардидаанд, ки акнун аз рӯи онҳо дар Пекин иштирокчиён на танҳо ба таври инфиродӣ, балки дар намуди даставӣ низ қувваозмоӣ менамоянд.  Ин   маънии онро дорад, ки шумораи медалҳо низ дар бозиҳои олимпии зимистонаи Пекин боз ҳам афзоиш хоҳад ёфт.

Дар баробари ҷалби бонувон ба ин намудҳои варзиш дар барномаи бозиҳо рақобатҳои омехта, ки гурӯҳро зану мард пурра мекунанд, шомил карда шуданд.

АМИТ «Ховар»