Шиносоии Сарвазири мамлакат бо рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара

 Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо рафти корҳои сохтмонии корхонаҳои гуногуни истеҳсолии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара шинос шуд.
Зимни ин сафар Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеи бунёди Корхонаҳои конструксияҳои металлии  «Металлопласт», Корхонаи коркарди нафт ва Корхонаи истеҳсоли семент  дидан карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, ин корхонаҳо дар асоси ҳамкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Чин бунёд гардида, дар оянда баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо шумораи зиёди ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешаванд.
Бино ба маълумоти масъулони соҳа иқтидори истеҳсолии солонаи Корхонаи конструксияҳои металлии  «Металлопласт» 100 ҳазор тонна металл,  Корхонаи  коркарди  нафт  500  ҳазор тонна ва  Корхонаи семент  1 млн 600 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст.
Сарвазири мамлакат роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия ва роҳбарону масъулони ташкилоту идораҳои сохтмониро барои иҷрои босифати корҳои бунёдии ин корхонаҳои муҳими саноатӣ, ҳалли мушкилоти рўзмарраи таъминоти нерўи барқ ва ҷалби бештари сокинони  маҳаллӣ ба корҳои сохтмонӣ  вазифадор намуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: