Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Истанбул ба 39 нафар расид

Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар Истанбул ба 39 нафар расид. Дар ин бора рӯзномаи «Hürriyet»-и Туркия хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, миёни қурбониён 30 нафар полис ва 8 нафар сокинони осоишта буда, шахсияти 1 каси дигар номаълум мебошад.
Чанде пеш дар бораи 38 қурбонӣ иттилоъ расида буд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Туркия, 155 нафар ҷароҳат бардошта, 14 каси онҳо дар шуъбаи интенсивӣ бистарӣ шудаанд.
Гуфта мешавад дастгоҳҳои тарканда шоми рӯзи шанбе дар назди варзишгоҳи дастаи футболи «Бешикташ», ки он ҷо дастаи мазкур бо дастаи футболи «Бурсаспор» сабқат анҷом медод, ба кор дароварда шуданд.
Дар робита ба ҳамлаи террористӣ мақомоти Туркия мотами миллӣ эълон карданд.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба намояндагии дипломатӣ дар бораи миёни қурбониён будани шаҳрвандони Тоҷикистон иттилоъ нарасидааст. Сафорати Тоҷикистон дар Анқара ва консулгарии генералӣ дар Истанбул вазъро назорат бурда, бо мақомоти Туркия роҷеъ ба ин масъала дар робитаи доимӣ қарор доранд.
Дар робита ба таркишҳо аз ҷониби прокуратураи генералии Истанбул тафтишоти ҳамаҷониба оғоз гардидааст. Феълан дар доираи тафтишот 13 нафар боздошт шудаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: