Озмуни «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон» доир мегардад

Моҳи октябри соли ҷорӣ Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»-ро доир менамояд.
Тавре Боймурод Боев, муовини директори  МД Маркази миллии патенту иттилоот ба АМИТ «Ховар» хабар дод, мақсади асосии баргузор намудани озмун дарёфти истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин  дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманде, ки дорои қобилияти зеҳнии эҷодӣ буда,  ба фаъолияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат доранд, мебошад.
Боймурод Боев гуфт, ки қаблан қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 5 июли соли 2016 муқаррар карда шуда буд. Аз ҷониби Кумитаи тадорукоти озмун қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то  25 сентябри соли 2016 тамдид карда шуд.
Иштирокчиён ва ғолибони озмун бо ифтихорнома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофотпулиҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Лоиҳаҳое, ки ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд ва муҳиманд дар сомонаи Интернет-портали миллии инноватсионӣ ва дигар сомонаҳои дахлдор барои муаррифӣ ба ҷомеа бо мақсади дарёфти сармоя барои дар амал татбиқ намудани он ҷойгир карда мешаванд.
Хоҳишмандон маълумоти иловагиро оид ба шартҳои иштирок дар озмунро метавонанд ба суроғаи шаҳри  Душанбе, кӯчаи Айнӣ14 а, Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

АМИТ "ХОВАР"

Tags: