ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуҷанд маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори тамрин мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд

Дар арафаи ҷашни  28- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Темурмалики шаҳри Хуҷанд маҷмааи ҳавзи шиноварӣ ва толори тамрин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар маросими ифтитоҳи он  Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд. Тавре аз Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, сохтмони иншооти мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 оғоз гардида,  дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расид.

Зимни шиносоӣ бо маҷмааи ҳавзи шиноварӣ таъкид гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан соҳаи варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ  рушд намудааст. Имрӯз  барои машғул шудан ба машқ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Бино ба иттилои манбаъ, фармоишгари ҳавзи шиноварӣ идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буда, пудратчӣ ҶДММ «Идораи сохтмони №5» мебошад.

Иншооти мазкур  бо харҷи 7 миллион сомонӣ бо назардошти талаботи зарурӣ бунёд ёфта, аз 2 ҳавзи шиноварӣ, ҳуҷраҳо барои ивази сару либос, ҳаммом, ҳуҷраҳои корӣ, нуқтаи тиббӣ ва толори машқ барои дӯстдорони каратэ -до –ҷундокан  иборат мебошад.

Иншооти мазкур дуюмин ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ дар шаҳри Хуҷанд буда, барои қонеъ кардани талаботи сокинони шаҳр ва атрофи он пешбинӣ шудааст. Гармидиҳии бино низ ба талаботи замони муосир чавобгӯй мебошад.  Ҳарорати  он дар фасли сармо бо се дастгоҳи гармидиҳанда муътадил нигоҳ дошта мешавад.  Инчунин  барои иваз ва нигоҳ доштани ҳарорати оби ҳавзҳо низоми махсус амал мекунад.

Дар  корҳои сохтмонии маҷмааи варзишӣ 50 нафар сохтмончӣ ҷалб гардида,  пас аз ба истифода додан  20 нафар бо ҷои  кори доимӣ  таъмин гардиданд.

Атрофи ҳавзи шиноварӣ дар масоҳати 800 метри мураббаъ сафолакпӯш ва 900 метри мураббаъ мумфарш карда шудааст.

Бояд гуфт, ки ин ҳама ташаббусҳои созанда дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардонида мешаванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: