Манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар маркази пойтахт вобаста ба тамрин

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт то 18 августи соли равон ба муддати се соат -15:00 то 18:00 дар  роҳи мошингарди хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва аз 19 август то 7 сентябр аз  соати 19:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи Шотемур то буриши кӯчаи Бухоро, майдони «Дӯстӣ») ғайр аз рӯзҳои якшанбе  манъ карда мешавад.
Сабаби манъи ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин рӯзҳо ба гузаронидани  тамринҳои сафороии хизматчиёни ҳарбӣ,  иштирокдорони Паради ҳарбӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рабт дорад.
Дар ин росто, Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба сохторҳои марбута дастур додааст, ки самти ҳаракати нақлиёти мусофирбарро тавассути кӯчаҳои ҳамшафат муайян намуда, ба нақшаи  хатсайри  воситаҳои нақлиёти мусофирбари пойтахт      тағйирот ворид созанд.
Интизор меравад, ки дар гузашти низомӣ, ки ба ифтихори санаи бузурги таърихӣ-ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябр дар майдони «Дӯстӣ» гузаронида мешавад, ҷузъу томҳои тамоми сохторҳои қудратии кишвар иштирок менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: