ДАР СОЛИ 2020 ТОҶИКИСТОНИЁНРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Шарҳи мухтасари хабарнигорони АМИТ «Ховар»

Интизор меравад, ки соли  2020 барои Тоҷикистон соли пурфайзу барор ва хотирмон гардад.

Ҳамватанони моро дар ин сол  баргузории  як зумра ҳамоишҳои  сатҳи  баланди давлатию байналмилалӣ, дигаргуниҳои назаррас дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ  ва дигар ташаббусҳои созандаву ободгарона дар фаъолияти  давлату Ҳукумати мамлакат интизоранд.

Дар ин мавзӯъ АМИТ «Ховар» шарҳи мухтасарро  пешниҳоди хонандагони сомона мегардонад.

Сиёсат

Шурӯъ аз 1 январи соли 2020 Тоҷикистон раёсат дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Аралро оғоз мекунад.

Шурӯъ аз 1 январи соли 2020  Тоҷикистон раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхайро бар дӯш мегирад.

Шурӯъ аз 1 январи соли 2020  Тоҷикистон раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истанбул оид ба Афғонистонро раисӣ менамояд.

1 марти соли 2020 интихоботи даъвати нави вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ доир мегардад.

1-15 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон бори сеюм маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон  гузаронида мешавад.

Соли 2020 ҷиҳати татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир мешавад.

Нимаи дуюми соли 2020 дар Тоҷикистон интихоботи Президенти Тоҷикистон доир мегардад.

Пойтахт  

Солҳои 2020-2021 шаҳри Душанбе пойтахти сайёҳии кишварҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ интихоб гардидааст.

Моҳҳои апрел – майи соли 2020, дар қитъаи роҳ аз ҳайкали Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе»,  дар буриши роҳи ҳалқавии маҳаллаи Қарияи Болои шаҳри Душанбе  боз як эстакадаи  сесатҳа  мавриди истифода қарор мегирад.

Амният

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999, яъне 20 сол пеш қабул шуда буд, соли 2020 дар таҳрири нав таҳия   ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод мешавад.

Иқтисод

Тибқи гузориши нави»Шарҳи рушди Осиё» — нашрияи маъруфи иқтисодии Бонки Осиёгии Рушд (БОР), рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2020 7,0% -ро ташкил медиҳад — ин нишондоди баландтарин дар байни кишварҳои ИДМ мебошад. Таҳлилгарони БОР пешгӯии худро оид ба рушди иқтисодии Тоҷикистон дар соли 2020 ба афзоиши содирот аз ҳисоби тавлиди изофаи нерӯи барқ ва афзоиши интиқоли пул асос медиҳанд.

Апрели соли 2020 якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо баргузор мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то охири соли 2020 Барномаи миёнамуҳлати рушдро барои солҳои 2021-2025 қабул менамояд.

Аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар  шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб Намоишгоҳи  байналмилалии «ЭКСПО-2020» доир мегардад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он иштирок менамояд.

Соли 2020 татбиқи 23 лоиҳаи нави давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 3,8 миллиард сомонӣ оғоз меёбад.

Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм-Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат-Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд.

Иҷтимоиёт

1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад.

Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия ва қабул мегардад.

Аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда мешавад.

1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда мешаванд.

Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳаи соҳаи тандурустӣ қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Фарҳанг

12 сентябри соли 2020 дар шаҳри Панҷакент 5500-солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад.

Аз 1 январ то сентябри соли 2020 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 5500-солагии Саразм гӯшаи намоиши ёдгориҳо ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи Саразм, ки ба феҳристи ёдгориҳои мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидааст, ба намоиш гузошта мешаванд.

Дар арафаи Рӯзи пойтахт Кинофестивали якуми байналмилалии «Душанбе» баргузор мегардад.

Соли 2020 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм — таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм — дар байни калонсолон доир мегардад.

Соли  2020 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»  доир мегардад.

Моҳи марти соли 2020 даври ҷамъбастии Озмуни миллии «Зебосанам-2019» доир мегардад.

Соли 2020 дар яке аз калонтарин осорхонаҳои дунё-Осорхонаи миллии  санъати шарқ-Гимеи шаҳри Париж намоиши ёдгориҳои таърихиву фарҳангии Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон -кишвари рӯдҳои тиллоӣ» доир мегардад.

Соли 2020 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд.

Соли 2020 Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир мегарданд.

Илм ва маориф

Солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд.

Соли 2020  реактори ядроии «Аргус-ФТИ» танҳо бо мақсадҳои осоишта ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Шурӯъ аз соли 2020 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми таҳсилоти 12-сола мегузарад.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳаҷми 900 миллион сомонӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Кишоварзӣ

Августи соли 2020 Иди Каду баргузор мегардад.

Шанбеи  сеюми моҳи август Иди ангур таҷлил карда мешавад.

Шанбеи сеюми моҳи сентябр Иди себ баргузор карда мешавад.

Ҳафтаи аввали шанбеи моҳи сентябр Иди харбуза ва тарбуз   таҷлил карда мешавад.

Шанбеи сеюми моҳи октябр  Фестивал — намоиши шолӣ ва биринҷ  таҷлил мегардад.

Варзиш

26 марти соли 2020 бозии даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 миёни дастаҳои Тоҷикистон – Муғулистон доир мегардад.

Соли 2020 Мусобиқаи байналмилалии теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Тоҷикистон»  бо иштироки намояндагони беш аз 30 давлати дунё баргузор мегардад.

Соли 2020 Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ доир мегардад.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Tags: