Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Хатлон афзоиш ёфтааст

«Дар вилояти Хатлон  дар шаш моҳи соли ҷорӣ  ҳаҷми  истеҳсоли  маҳсулотҳои кишоварзӣ 3030,5  миллион  сомониро  ташкил дода,  нисбати ҳамин давраи соли гузашта 215,4  миллион сомонӣ  зиёд иҷро гардида,   7,6%  афзоиш ёфтааст»,-  иттилоъ дод зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони воситаҳои ахбори омма раиси вилояти Хатлон  Давлатшо Гулмамадзода.
Мавсуф иброз дошт, ки дар ин давра дар ҳамаи  бахшҳо 419,3 ҳазор тонна  ғалладона, 133 ҳазор тонна картошка, 362,3 ҳазор тонна  сабзавот, 149,8 тонна маҳсулоти  полезӣ, 25,1 ҳазор тонна  меваҷот, 28,8 ҳазор тонна  гӯшт ва 130,9  ҳазор тонна шир  истеҳсол карда шуда,  афзоиши  истеҳсоли ин навъҳои маҳсулот мутаносибан  аз 2 то 18 %-ро  ташкил додааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: