Ҳалокати 13 нафар зимни амалҳои террористӣ дар Испания

Дар кишвари Испания дар як шабонарӯз ду амали террористӣ содир карда шуд. Дар шаҳри Барселона мошини боркаш ба роҳи пиёдагард баромада, гурӯҳи пиёдагардонро пахш кард. Дар натиҷа 13 нафар ба ҳалокат расида, зиёда аз 100 нафар ҷароҳат бардоштанд. Сипас, айнан чунин ҷиноят  дар маҳаллаи Камбрилсеи вилояти Каталонияи Испания ба амал омад, ки дар натиҷаи он 7 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора агентии иттилоотии «РИА Новости» хабар додааст.

Мошини калони навъи «фургон» зиёда аз 400 метр бо роҳи пиёдагард ҳаракат карда, танҳо пас аз он, ки ба дӯкон бархӯрд, аз ҳаракат бозмонд. Ронандаи он бадқасдона мошинро ба болои одамон меронд, то шумораи ҳарчӣ зиёдтари пиёдагардонро пахш кунад, — чунин нақл карданд шоҳидони ҳодиса.

Ронандаи мошин аз ҷои ҳодиса фирор кардааст ва кормандони полис ӯро ҷустуҷӯ доранд. Ронанда бо худ силоҳ надоштааст.

Дар соатҳои аввали содир шудани амали террористӣ иттилоъ дода шуд, ки ронандаи мошини «фургон» Дрисс Укабир, сокини шаҳраки Рипол, зодаи шаҳри Марсели Франсия мебошад. Аммо баъдан шаҳрдори Рипол иттилоъ дод, ки Укабир ба полис омада, изҳор кард, ки шиносномаи ӯро рабудаанд.

«Эҳтимол меравад, ки ҳуҷҷатҳои ӯро бародараш Мусо Укабири 18-сола дуздидааст. Мусо Укабир дар Барселона истиқомат мекунад ва воқеан ҳам ӯ ба ин амали террористӣ алоқаманд аст», — навиштааст нашрияи «La Vanguardia». Мусо шаҳрванди Франсия мебошад.

Полиси Каталония тасдиқ кард, ки вобаста ба амали террористӣ ду нафар боздошт карда шуданд, ки ҳар ду зодагони Африкаи шимолӣ мебошанд. Яке аз онҳо дар Марокаш ва дигарӣ дар шаҳраки Мелила таваллуд шудаанд. Ин шахсон қаблан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд. Гумонбаршудагонро дар Рипол ва Алканар боздошт карданд.

Матбуоти Испания ҳамчунин хабар додааст, ки кормандони полис мошини дуюми «фургон»-ро, ки ҷинояткорон эҳтимол онро истифода бурданӣ буданд, пайдо кардаанд. Ин мошин дар паҳлӯи тарабхонаи «Burger King», воқеъ дар ноҳияи Вик пайдо карда шудааст.

Масъулияти амали террористиро гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аст) ба зимма гирифтааст.

Хабар дар бораи он ки шахсони мусаллаҳ дар яке аз тарабхонаҳо камин гирифта, одамонро ба гарав гирифтаанд, тасдиқ нашуд.

Иттилоъ дода шудааст, ки боз як мошин дар Барселона ду корманди полисро пахш кардааст. Ронандаи ин мошин ба ҳалокат расидааст. Тибқи хабари полис, ронандаи мошини мазкур испанӣ буда, ба амали террористӣ алоқамандӣ надорад.

АМИТ "Ховар"