Бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 17 ва 21 октябр гузаронида мешаванд

Лигаи футболи Тоҷикистон бо сабаби иштироки дастаи мунтахаби мамлакат дар бозиҳои Ҷоми тиллоии Бангабанду дар Бангладеш вақти баргузории бозиҳои нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистонро ба рӯзҳои 17 ва 21 октябр муқаррар намуд.

Ба ҳамин тартиб, бозиҳои аввали нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон бо ширкати дастаҳои “Истиқлол” бо “Душанбе-83” ва “Хуҷанд” бо “Регар-ТадАз”, ки рӯзи баргузориашон 14 ва 15 октябр муайян шуда буд, ба 17 октябр гузаронида шуд.

Бозии ҷавобии ин дастаҳо 21 октябр сурат мегирад.

Ҷоми Тоҷикистон

Бозиҳои нимниҳоӣ

Бозии аввал

17 октябр

«Истиқлол» – «Душанбе-83»

«Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»

Бозии ҷавобӣ

21 октябр

«Душанбе-83» – «Истиқлол»

«Хуҷанд» – «Регар-ТадАЗ»

АМИТ «Ховар»