Бозиҳои даври 16-уми Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба анҷом расиданд

Бозиҳои даври шонздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар медиҳад.

Бояд зикр кард, ки  дар ин  давр   дастаи  футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дар майдони худ бар дастаи «Панҷшер»-и  Ҷалолиддин Балхӣ бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, бозии дастаҳои  КМВА «Помир» бо «Куктош» бо ҳисоби  мусовӣ (1:1) анҷом ёфт. Голҳои дастаи «Хатлон»-и Бохтарро Абдухалил Боронов (2 гол), Парвиз Охунов ва Умарҷон Шарифов ба ҳадаф расониданд. Ба голи задаи футболбози дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Азизбек Султонов дар нимаи аввал артишиҳо тавассути Шодибек Ғаффоров дар нимаи дуюм ҷавоб доданд.

Нобарории  дастаи «Куктош» сабаб шуд, ки  дастаи  «Хатлон» бо 22 хол аз 16 бозӣ ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат барояд.

Дар бозиҳои  дигар дастаи футболи «Истиқлол» дар майдони худ ба дарвозаи дастаи «Истаравшан» 2 голи беҷавоб зад. Голҳоро Шериддин Бобоев ва Аҳтам Назаров ба ҳадаф расониданд. Дастаи «Хуҷанд» бар дастаи футболи  «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Турсуналӣ Рустамов ба нишон расонид.

   ДАСТАҲО  Б  Ғ  М  Б  Т/Т  Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  16  13  3  0  45-11  42
 2  «Хуҷанд» (Хуҷанд)  15  8  2  5  26-16  26
 3  «Хатлон» (Бохтар)  16  6  4  6  22-21  22
 4  «Куктош» (Рӯдакӣ)  16  5  5  6  23-23  20
 5  «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)  16  5  4  7  22-26  19
 6  КМВА «Помир» (Душанбе)  16  5  4  7  16-22  19
 7  «Истаравшан» (Истаравшан)  15  5  2  8  13-21  17
 8  «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ)  16  3  2  11  13-38  11

АМИТ «Ховар»  

Tags: