Бо супориши Пешвои миллат дар шаҳрҳои саноатии Суғд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардид

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7-8 ноябр дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ва шаҳрҳои саноатии Гулистон, Бӯстон ва Истиқлол ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ, дар маҷмӯъ 273 тонна маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Раиси вилоят ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намоянд.

Ҳамзамон ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда супоришҳои мушаххас дода шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни баргузории ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳрҳои Бӯстон ва Гулистонро мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, роҳандозии иқдомро барои таъмини талаботи сокинон бо маҳсулот муҳиму саривақтӣ арзёбӣ кард.

 

АМИТ «Ховар»

Tags: