Бо дастгирии Вазири корҳои дохилӣ сокинони як маҳаллаи ноҳияи Рашт бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин гардиданд

Бо дастгирии молиявии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  дар маҳаллаи  Рашти шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт дар як муддати кӯтоҳ чоҳи амудӣ  ба истифода дода шуд.

Тавре ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» раиси маҳаллаи Рашт Зикрулло Ҳайдаров иброз дошт,  чуқурии чоҳи мазкур 86 метр буда, барои сохтмони он 220 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

«Дар ин мавзеъ 120 оила истиқомат дошта, бо  оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин будан орзуи чандинсолаи  сокинони ин маҳалла маҳсуб мешуд.  Аз ин рӯ,  мардуми маҳаллӣ дар баробари иштирок дар корҳои сохтмонӣ дар доираи имконот барои бунёди чоҳ  низ маб­лағгузорӣ намуданд»,- афзуд номбурда.

Дар баробари ба истифода додани чоҳи амудӣ, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ роҳҳои мошингарди дохили маҳалла тахту ҳамвор ва сангфарш карда шуд. Соли гузашта роҳе, ки маҳалларо ба шоҳроҳ мепайвандад, бо кумаки вазорат дар масофаи зиёдтар аз ду километр мумфарш гардид.

Дар маросими  ифтитоҳи  иншооти  мазкур  раиси ноҳияи Рашт, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ ва сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа ва ноҳияи Рашт генерал — майори милитсия Сафиалло Азизуллозода  иштирок намуданд.

Раиси ноҳияи Рашт  зикр кард, ки маҳз бо шарофати пойдории сулҳу ваҳдати миллист, ки имрӯз шаҳраку маҳаллаҳо, умуман тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон   ободу зебо гашта, барои таъмини зиндагии шоистаи  мардум шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Сафиалло Азизуллозода зикр кард, ки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода  мехост дар ин маърака ширкат варзад, аммо, бо сабаби банд будан ба корҳои муҳими давлатӣ омада натавонист ва маро вазифадор намуд, ки салом ва пайғоми ӯро ба шумо расонам.

«Вазир гуфт,  ки кормандони мақомоти милитсия ҳамеша дар паҳлуи шумо хоҳанд буд ва барои амалӣ намудани ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мақсади фароҳам овардани шароити хуби зиндагии ҳар хонаводаи Тоҷикис­тон саҳм хоҳанд гузошт»,-илова кард  Сафиалло Азизуллозода .

Ёдовар мешавем, ки ноҳияи Рашт  бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни муҳими таърихӣ — сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёди 315 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то инҷониб  188 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.

АМИТ «Ховар»

Tags: