Бинои ҳукумати Мавсил аз дасти террористон озод карда шуд

Нерӯҳои таъйиноти махсуси артиши Ироқ муваффақ шудаанд, ки бинои ҳукумати вилояти Найнаво дар шаҳри Мавсилро аз нав ба даст бигиранд.
Дар ин бора агентии иттилоотии «Reuters» хабар дода мегӯяд, ки субҳи 7 март артиши Ироқ идораи вилояти Найнаво ва дигар биноҳои маркази идорӣ , аз ҷумла шуъбаи Бонки марказӣ ва осорхонаи аслии ин вилоятро дар шаҳри Мавсил зери тасарруфи худ дароварданд. Бу гуфтаи хабарнигори «Reuters», ин ҳолат мусоидат ба он мекунад, ки нерӯҳои артиш ба маркази қадимии шаҳр ҳамла карда, бо озод сохтани ин минтақа амалан контроли ҳукумат дар Мавсилро бори дигар ба даст бигиранд. «Reuters» бо истинод ба сухангӯи нерӯҳои вокуниши фаврии артиши Ироқ иттилоъ медиҳад, ки даҳҳо нафар аз террористони гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» дар ҳамлаи шаби гузашта кушта шудаанд. Шумораи дақиқи талафоти ДИИШ ва кушташудагон ва захмиҳои артиши Ироқ мушаххас нашудааст. Хотиррасон менамом, ки Мавсил маркази вилояти Найнаво ва аз муҳимтарин шаҳрҳои Ироқ буда, дар он садҳо ҳазор нафар истиқомат мекунанд. Ин шаҳр дар авҷи даргириҳо дар соли 2014 ба тасарруфи гуруҳи террористии ДИИШ даромада ва ҳамон вақт роҳбари ин гурӯҳи террористӣ Абубакр Ал-Бағдодӣ дар масҷиди ҷомеи «Ан-Нурӣ»-и ҳамин шаҳр худро халифа эълон карда буд. Бахши ғарбии шаҳри Масвил охирин минтақае аст, ки дар тасарруфи ин гуруҳи ҷаррор ва ҷоҳил қарор дорад. Ин қисмати шаҳр аз бахшҳои сераҳолӣ ба шумор меравад ва созмонҳои кӯмакрасон мегӯянд, ки дар инҷо наздик ба 750 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад. Ҷанг барои бозпасгирии шаҳри Мавсил дар моҳи ноябри соли гузашта оғоз шуда буд.

Tags: