БДА ВКД ҶТ: 4-5 сентябр роҳҳои асосии пойтахт баста мешаванд

Бино ба иттилои  РБДА Вазорати корҳои дохилии  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби гузаронидани тамринҳои вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо барои роҳпаймоӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4-5 сентябри соли равон аз соати 08:00 то соати 10:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз самти Донишгоҳи аграрӣ то муҷассамаи Садриддин Айнӣ, аз самти Қараболо то муҷассамаи И.Сомонӣ ва аз «Боғи Ғалаба» то кӯчаи Шириншоҳ Шоҳтемур (меҳмонхонаҳои «Тоҷикистон») манъ карда мешавад.

Аз ин рӯ, аз тамоми ронандагони воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.