Баррасии масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Душанбе

Имрӯз бо ташаббуси  Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмиву амалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо» баргузор гардид.

Дар он намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдори давлатии Тоҷикистон, пажӯҳишгарону коршиносон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш коршиносон аз донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ иштирок намуда, оид ба мавзӯъҳои «Дирӯз, имрӯз ва фардои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон», «Ҷойгоҳи ниҳодҳои динӣ дар ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо», «Иттилоот ва беиттилоотӣ- ангезандаҳои таҳдидкунанда ба амният дар асри 21», «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи амнияти иттилоотӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» ва ғайра ибрози андеша намуданд.

Ба андешаи Виркан Музаффарпур, ходими калони илмии шуъбаи фалсафаи дини Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки дар он гуногунии иттилоот, ҷангҳои иттилоотӣ ва равонӣ вобаста ба доштани иттилоот хеле муҳим аст, баргузор намудани ин гуна конфронсҳо метавонад барои таҳкими амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат кунад. «Дар ҷаҳони имрӯза, дар олами мусулмонӣ ва минтақаи шарқи ҷаҳон, ки дин як воситаи истифода барои ҳадафҳои геополитикӣ гардидааст, мо бояд диққати асосиро дар сатҳи ҳифз ва амнияти иттилоотӣ ба соҳаи дин низ равона кунем ва барои дастрасӣ ба ин амал аз чораҳои барномарезишуда  истифода намоем»,-зикр намуд ӯ.

Конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ давоми рӯз идома меёбад.

АМИТ "Ховар"

Tags: