Барқияи табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд Маҳа Ваҷиралонгкорн барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

«Аълоҳазрат,

Шуморо ба муносибати ба даст гирифтани зимоми умури Подшоҳи Шоҳигарии Таиланд сидқан табрику таҳният мегӯям ва бароятон дар сарварии кишвари ба мо дӯст комёбӣ орзу менамоям.

Бо истифода аз ин фурсати фархунда изҳори боварӣ мекунам, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни кишварҳоямон минбаъд низ бо талошҳои пайгиронаи муштарак густариш хоҳанд ёфт».

Tags: