Ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои Душанбе тағйиру иловаҳо ворид гардиданд

Ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе ба имзо расид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» изҳор доштанд,  ин иқдом  бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои  мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт ба роҳ монда шудааст.

Тибқи ин  қарор,  ба  арзиши тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» чунин тағйиру иловаҳо ворид гардидааст: Тарофаи «Нимсола»-и категорияи хонанда — 150 сомонӣ, донишҷӯ — 200 сомонӣ, шаҳрванд — 300 сомонӣ;  Тарофаи «Солона»-и категорияи  хонанда — 200 сомонӣ, донишҷӯ — 350 сомонӣ, шаҳрванд — 500 сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда мешавад.

АМИТ «Ховар»

Tags: