Ба Озар Салим, муаллифи шеъри маъруфи «Модар фаришта буд» ҷоизаи «Килки заррин»-и Афғонистон дода шуд

Чанде қабл шоири шинохтаи тоҷик  Озар Салим барандаи ҷоизаи Вазорати иттилоот ва фарҳанги Афғонистон — «Килки заррин» гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар озмуни «Килки заррин» тақрибан 30 шоиру нависандаи афғон аз манотиқи мухталифи ин кишвар иштирок доштанд.

Бояд гуфт, ки озмуни мазкур аз соли 2010 инҷониб бо иқдоми Вазорати иттилоот ва фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  гузаронида шуда, ба он шоирону нависандагони форсизабон китоб ва ашъор пешниҳод мекунанд.

Мавриди зикр аст, ки соли 2018 ин ҷоизаро шоири тавонои тоҷик Фарзонаи Хуҷандӣ соҳиб гардида буд.

Озар Салим зодаи ноҳияи Восеъ буда, алҳол дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон зиндагӣ мекунад. Ӯ соли гузашта бо шеъри «Модар фаришта буд» бештар машҳур гардид.  Бояд зикр кард, ки дар як соли охир беш аз 20 сарояндаи тоҷик, аз ҷумла Муҳаммадрафии Кароматулло, Нигина Амонқулова, Эркин Одинаев, гурӯҳи «Сорбон», Содиқ Холов, Фаридуни Хуршед ва Хосияти Зарафшонӣ ба ин шеър оҳанг баста, суруданд.

Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд, ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек,
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт…
Дар кӯдакӣ ба модари худ хостам барам,
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон,
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам,
Рӯи лабаш ба ғайри «видоъ эй писар» надошт…
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дӯш болу паре ҳам агар надошт.

АМИТ «Ховар»