Салоҳуддин Раббонӣ: «Масъалаи мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сабаби ташвиш ва нигаронии ҳамаи кишварҳои минтақа гардидааст»

Масъалаи терроризму экстремизм, мушкилоти маҳдуд ба як кишвар набуда, хоси минтақа гардидааст. Ин мушкилот ба ҳамкории муштарак ниёз дошта, бо ин роҳ метавон онро ҳал кард. Ин нуктаро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ пас аз мулоқоти худ боАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар ҳузури хабарнигорон баён дошт.

Салоҳуддин Раббонӣ зикр намуд, ки   дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон оид ба мавзӯъҳои   вобаста ба таъмини амният, интиқоли  неруи барқ ба Афғонистон ва ҷудо намудани бурсияҳо ба донишҷӯёни афғон  ибрози назар намудаанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистону Афғонистон робитаи таърихию фарҳангӣ ва  забони муштарак дошта, ғайр аз ин, ҳарду мамлакатро сарҳади тӯлонӣ бо ҳам мепайвандад.

«Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён мекунем, ки  ҳамеша дар паҳлуи мардуми Афғонистон буданд ва ба онҳо кумаки худро дареғ надоштанд. Ин Конфронси сатҳи баланд, ки фардо баргузор мегардад, хеле чорабинии муҳим ва саривақтӣ мебошад. Зеро масъалаи мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сабаби  ташвиш ва нигаронии ҳамаи кишварҳои минтақа гардидааст», — зикр намуд Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон.

Ёдовар мешавем, ки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ пагоҳ дар Конфронси сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил» ширкат мекунад.

АМИТ «Ховар»