Ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқии обии «Роғун»-ро дар Душанбе бо мушакпарронии идона пешвоз мегиранд

17  ноябри соли  равон дар Муассисаи давлатии  «Наврӯзгоҳ» — и шаҳри Душанбе  намоиши театришуда  бахшида  ба маросими  ба  истифода додани  агрегати якуми  Неругоҳи  барқии обии «Роғун»  баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиши театришуда ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,   дар ин барномаи театришуда  устодони санъати тоҷик бо беҳтарин таронаҳо дар васфи Ватан, истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва  дигар арзишҳои миллӣ   ба фазои   идонаи   Тоҷикистон   шукӯҳи тоза  мебахшанд.

Рӯзи 16 ноябр  дар тамоми боғҳо ва  дигар маконҳои фарҳангию фароғатӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт сайру гашти   оммавӣ ва  барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд.

АМИТ «Ховар» 

Tags: