Аз аввали сол дар Тоҷикистон қариб 800 ҳазор тонна ғалладона истеҳсол шудааст

Дар Тоҷикистон то 11 сентябр ҳудуди 800 ҳазор тонна ғалладона ҷамъоварӣ  шудааст, хабар медиҳад АМИТ Ховар бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзии мамлакат, имсол дар 300 ҳазору 34 гектар ғалладона кишт шуда буд.

То 11 сентябр зироати ғалладонагӣ аз майдони 275 ҳазору 817 гектар ҷамъоварӣ шудааст.

Ҳаҷми умумии ҳосили ғалладона то ин давра 799 ҳазору 924 тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 35 ҳазору 149 тонна зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки кишоварзони Тоҷикистон соли 2019 858,4 ҳазор тонна ҳосили ғалладона ҷамъоварӣ карда буданд, ки аз нишондиҳандаи соли 2018     21% зиёдтар буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: