Дар Суғд дар майдони беш аз 40 ҳазор гектар пахта кишт шуд

Дар вилояти Суғд  корҳои кишти пахта рӯз аз рӯз вусъат мегиранд.

Тавре ки ба АМИТ «Ховар»  аз Идораи кишоварзии вилоят иттилоъ доданд, ҳоло кишти пахта дар 7 ноҳияи пахтакори вилоят, чун Ашт, Б.Ғафуров, Ҷ.Расулов, Конибодом, Мастчоҳ, Спитамен ва Зафаробод идома дошта, дар майдонҳои кишти пахта тухмиҳои маҳаллии  «Хуҷанд-67», «Ориён», «Неъмат», ҳамчунин тухмиҳои навъи воридотии хориҷӣ, аз қабили  «Синюйсза-39», «Флеш», «Флора» ва  «ДП-5111» кишт мешаванд.

То имрӯз дар  миқёси вилоят дар масоҳати 120 ҳазору 644 га кишти баҳорӣ  гузаронида шудааст. Пахтакорони вилоят азм доранд бо истифода аз ҳавои мусоиди баҳорӣ ҳарчӣ зудтар корҳои кишти пунбадонаро ба анҷом расонанд.

Тибқи нақшаи дурнамо соли ҷорӣ пахтакорони шимоли кишвар азм доранд дар майдони 54 ҳазор га кишти пахта гузаронида, дар маҷмӯъ  зиёда аз 100 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.

Tags: