Коршиносон ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодиро баррасӣ менамоянд

Миёнаи моҳи апрел дар Душанбе дар мавзӯи «Ташаккули модели стратегии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» конфронси байналмилалии илмию амалӣ доир мегардад. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ин конфронси байналмилалӣ мебошад.
Дар конфронс дар радифи кормандони вазорату идораҳои кишвар ва донишмандону коршиносони бахши иқтисодии пажӯҳишгоҳҳои тадқиқотии Тоҷикистон, ҳамзамон коршиносони соҳа аз кишварҳои Россия, Беларус, Украина, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок хоҳанд кард.
Ҳамзамон интизор меравад, ки дар доираи конфронси байналмилалӣ ҷаласаҳо ва ҳамоишҳо гузаронида шаванд.

АМИТ "Ховар"