То 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 450 иншоот бунёд мегардад

То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ  зиёда аз 25 иншоот, аз ҷумла, кошонаҳои ҳусн, сартарошхонаҳо, ҳаммомҳо, бунгоҳои тиббӣ, растаҳои ҳунармандон, мавзеъҳои сайёҳӣ ва экологӣ, гулгаштҳо, шабакаҳои оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо, ҳавзҳои шиноварӣ, марказҳои дилхушкунии кӯдакону наврасон, мағозаю дӯконҳо, синфхонаҳо, майдончаҳои варзишӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ,  ки барои сохтмони онҳо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 майи соли равон зимни мулоқот бо аҳли ҷамоатчигӣ дастур дода буданд,  бунёд мегардад.

Дар ин бораи имрӯз Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти хабарӣ ба намояндагони ВАО иттилоъ дод.

Зикр шуд, ки дар раванди корҳои бунёдкориву созандагӣ давоми 6 моҳи аввали соли 2018 дар ҳудуди ноҳия ду бинои нави муассисаҳои таълимӣ ва дар ин радиф, бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд дар назди муассисаҳои таълимии №36, 38, 49, 124, 128, 105, 77 ва 109-и ноҳия барои 676 ҷои нишаст дар як баст 28 синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шуданд.

«Сохтмони 103 синфхонаҳои иловагӣ барои 2476 нафар ҷои нишаст дар як баст дар назди 31 муассисаи таълимии ноҳия идома дорад.     Айни  замон   сохтмони  муассисаҳои таҳсилоти   томактабии   хусусӣ  дар  шаҳраки  Сомониён  барои 140  нафар  тарбиягиранда  аз  ҷониби  соҳибкори  ватанӣ Зафари  Кабир  ва  дар  шаҳраки  М. Турсунзода барои  120  нафар тарбиягиранда аз  ҷониби  соҳибкор  М. Юсуфова    идома  доранд»,-зикр кард ӯ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи омӯзиши ҳолати бино ва мавҷудияти муассисаҳои таълимии ноҳия маълум гардид, ки 71 муассисаи таълимӣ ба таъмир ниёз ё дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.  Вобаста ба ин аз тарафи масъулини соҳа санади нуқсонии ҳар як бинову иншоот ва харҷномаи корҳои таъмирию барқарорсозӣ таҳия гардида, ба ҳолати имрӯза дар 56 муассисаи таълимӣ корҳои таъмиру барқарорсозӣ оғоз гардидааст.

Доир ба ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар шаш моҳи соли равон гуфта шуд, ки дар ин давра 112 млн. 445,6 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 33,5 фоиз  ё худ ба маблағи 28 млн. 246,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

АМИТ «Ховар»