Ҳунармандони тоҷик дар фестивали «Орзу»-и Лондон бо ҷоиза ва медал сарфароз гардиданд

Кормандони ҷавони Театри давлатии драмавӣ-мусиқии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом дар Фестивали кушоди осиёимиёнагии ҳунарии «Орзу», ки дар шаҳри Лондони шоҳигарии Британияи Кабир баргузор гардид, ширкат варзиданд.
Дар фестивали мазкур, ки аз 5 то 19-уми октябри соли равон дар ду давр-намоиши синамо ва намоиши театрӣ баргузор гардид, барои «Беҳтарин нақши мардона» саркоргардони театр Муҳиддини Музаффар дар иҷрои нақши «Шоҳ Лир» ва ҳунарманди ҷавон Фарҳод Тӯхташев дар бахши «Беҳтарин нақши саҳнавӣ» дар иҷрои нақши «Ҳамлет» ба гирифтани ҷоиза ва диплом сазовор гардида, иштирокчии фахрии фестивал ҳисобида шуданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли оянда ин ҳунармандон бо намоишномаҳои худ дар фестивали шаҳри Иденбурги давлати Шотландия ва моҳи октябр дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон ширкат меварзанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: