21 август гирифти пурраи Офтоб ба амал меояд

21 августи соли 2017 гирифти пурраи навбатии Офтоб ба амал  меояд. Тавре Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иброз дошт, ҳодисаи астрономии «Гирифти Офтоб» вақте ба вуқӯъ меояд, ки Моҳтоб пурра ё қисман Офтобро аз мушоҳидачии дар рўи Замин буда мепўшонад, яъне торик мекунад.  

Ба маълумоти номбурда, фазаи пурраи гирифти Офтоб дар ҳамаи рўи Замин дида намешавад. Шароити мусоид барои мушоҳидаи фазаи пурра дар қаламрави ИМА хоҳад буд. Фазаҳои қисмани гирифти Офтоб дар Америкаи Шимолӣ, Аврупои Ғарбӣ, Америкаи Ҷанубӣ ва Осиё (Нимҷазираи Чукотский) дида мешаванд.

Гулчеҳра Қоҳирова мегӯяд, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи Моҳи нав 21 август соати 23:30-и вақти маҳаллӣ ба амал меояд.  «Гирифти Офтоб 21 август соати 21:48 дақиқаи вақти маҳаллӣ оғоз шуда, 22 август соати 01:02 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба охир мерасад. 21 август дар минтақаи Тоҷикистон Офтоб соати 19:11 дақиқаи вақти маҳаллӣ ғуруб мекунад. Пас, мушоҳидаи гирифти Офтоб дар минтақаи Тоҷикистон номумкин мебошад»,-илова намуд ҳамсуҳбат.

Директори Пажӯҳишгоҳ ҳамчунин иброз намуд, ки гирифти Офтоб танҳо ҳангоми навшавии Моҳтоб имконпазир мебошад. Барои гирифти Офтоб зарур аст, ки Моҳтоб дар наздикии яке аз ду нуқтаи буриши  мадорҳои Моҳтоб ва Офтоб ҷойгир бошад. Бинобар чунин шароит гирифти Офтоб ҳодисаи зуд такроршаванда нест. Дар як сол дар Замин аз 2 то 5  ҳодисаи гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз он на зиёда аз дутояш пурра ва ё ҳалқамонанд мебошанд. Қутри сояи Моҳтоб дар сатҳи Замин на зиёда аз 270 км мебошад. Барои ҳамин гирифти Офтоб танҳо дар қисмати соя мушоҳида мешавад. Агар мушоҳидачӣ дар қисмати рахи соя бошад, гирифти пурраи Офтобро мебинад, ки дар он Моҳтоб пурра Офтобро мепўшонад, осмон торик мешавад ва дар осмон сайёраҳо ва ситораҳои равшан намоён гашта метавонанд. Дар атрофи  диски бо Моҳтоб пўшонидашудаи Офтоб тоҷи офтобиро  мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳангоми Офтоби муқаррарӣ тоҷ дида намешавад. Фазаи пурраи гирифти Офтоб барои мушоҳидачии беҳаракати рўи Замин аз якчанд дақиқа зиёд давом намеёбад. Чунки сояи Моҳтоб дар сатҳи Замин бо суръати  каме бештар аз 1 км/с  ҳаракат мекунад. Мушоҳидачиҳои дар атрофи хати пурраи гирифти Офтоб қарордошта гирифти нопурраи Офтобро метавонанд бубинанд. Дар ҳолати гирифти нопурраи Офтоб Моҳтоб аз маркази диски Офтоб намегузарад ва танҳо қисман рӯи Офтобро мепӯшонад. Дар чунин ҳолат осмон нисбат ба гирифти пурра чанд маротиба камтар торик мегардад ва ситораҳо аён намегарданд. Гирифти нопурраи Офтобро дар масофаи ду ҳазор километр аз гирифти пурраи он мушоҳида кардан мумкин аст.

Ба таъкиди Директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ Гулчеҳра Қоҳирова, гирифти Офтоб ҳодисаи маъмулии табиӣ ба ҳисоб рафта, танҳо ба ҳаракати Офтобу Моҳтоб дар кайҳон вобастагӣ дорад. Бинобар ин, рӯйдоди гирифти Офтоб бе ягон муболиға ба саломатии инсон ва рӯзгори ҳаррӯзаи мардум таъсир намерасонад. Мушоҳидаҳои бисёрсола тасдиқ карданд, ки ҳангоми гирифт ва баъд аз он ягон намуд далелҳои манфӣ нисбат ба инсоният ба қайд гирифта нашудаанд. Аз ин лиҳоз, Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ тавсия медиҳад, ки сокинон ба гирифти Офтоб эътибор надода, мисли ҳаррӯза муносибат намоянд.

Ёдовар мешавем, ки бори охир гирифти пурраи Офтоб 11 августи соли 1999 мушоҳида шуда буд. Он вақт тоҷикистониён онро ҳамчун гирифти нопурраи Офтоб дида буданд, чунки фазаи пурраи гирифт дар минтақаи Тоҷикистон дуруст наомада буд.

Гирифти нопурраи Офтоб 11 августи соли 1999  аз тарафи кормандони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ ҶТ аксбардорӣ гардид. Ба иттилои Гулчеҳра Қоҳирова, дар оянда чунин гирифти Офтоб 2 сентябри соли 2035 рӯй медиҳад.

АМИТ "Ховар"