«Зебоӣ — наҷотбахши ҳаёт». Намоиши 50 асари донишҷӯён дар Осорхонаи Хатлон

Зиёда  аз  50  адад офаридаҳои  омӯзгорон   ва  донишҷӯёни  Донишкадаи  давлатии  санъати  тасвирӣ  ва  дизайни  Тоҷикистон дар  Осорхонаи  вилоятии  шаҳри  Қӯрғонтеппа  ба намоиш гузошта шудаанд. Ин намоиши корҳои эҷодӣ таҳти унвони  «Зебоӣ — наҷотбахши  ҳаёт»  то  19 ноябри соли равон идома  меёбад. Тавре  дар  маросими  кушодашавӣ зикр  гардид,  намоиши  мазкур  ба  25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва  Соли ҷавонон  бахшида шудааст.

Ҳамарӯза аз ин намоишгоҳ нафарони зиёд дидан менамоянд. Аз ҷумла, муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода бо як гурӯҳ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зимни тамошо ба ин офаридаҳо баҳои баланд доданд.

Дар  намоишгоҳ ҳамчунин тамсилаҳои либос, ки  аз  ҷониби  донишҷӯёни ихтисоси  “Дизайни костюм” тарҳрезӣ  ва  дӯхта  шудаанд, мавриди тамошо қарор доранд.

АМИТ "Ховар"

Tags: