Бозиҳои даври ¼- ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 оид ба футбол, ки онҳоро Ширкати букмекерии байналмилалии «Parimatch» сарпарастӣ мекунад, 13-15 сентябр баргузор мешаванд. 13 сентябр ду вохӯрии Ҷоми Тоҷикистон доир мешаванд. Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар хонааш дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанберо қабул мекунад. Дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар байни ҳам рақобат мекунанд.
Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Баргузории ду бозии дигари даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 15 сентябр дар назар аст. Дастаҳои футболи «Локомотив-Помир»-и шаҳри Душанбе бо «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ байни ҳам сабқат мекунанд. Баргузории ҳамаи рақобатҳои даври ¼-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 15:30 дар назар аст.
Ҷоми Тоҷикистон-2020
Даври ¼-ниҳоӣ
13 сентябр (якшанбе)
Оғози бозӣ соати 15:30
«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб
«Эсхата» – «Хатлон»
Варзишгоҳи «Спартак». Хуҷанд
15 сентябр (сешанбе)
Оғози бозӣ соати 15:30
«Локомотив-Помир» – «Регар-ТадАЗ»
Варзишгоҳи «Нефтяник». Рӯдакӣ.
«Истаравшан» – «Куктош»
Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан.
АМИТ «Ховар»