Юсуф Раҳмон: Дар Тоҷикистон дар муқоиса ба шаш моҳи соли 2019 содиршавии ҷиноят 2 фоиз кам шудааст

Дар  шаш моҳи  соли равон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 12 293 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 адад ё 2 фоиз кам мебошад. Дар ин бора Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон имрӯз зимни нишасти матбуотии ниҳоди мазкур  ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Номбурда афзуд, ки кушодашавии ин ҷиноятҳо 80,7 фоизро ташкил медиҳад. Содиршавии баъзан категорияи ҷиноятҳо дар Тоҷикистон зиёд ва баъзе аз онҳо кам шудааст. Аз ҷумла,  одамкушӣ ва сӯиқасд ба он дар нимсолаи соли гузашта 48 адад буд, имсол 35 ададро ташкил медиҳад, яъне 13 адад  кам шудааст. Қасдан расонидани зарари вазнин 56 адад содир шудааст, ки ин соли гузашта 62 ададро ташкил медод. Ин намуди ҷиноят 9,6 фоиз кам шудааст. Хариду фурӯши одамон соли гузашта  10 ҳолат ба қайд гирифта шуда буд ва имсол  ин шумора  бетағйир  боқӣ мондаст. Дар нимсолаи соли гузашта 74 ҳолати  ғоратгарӣ ҷой дошт, имсол 68 ҳолат  ба қайд гирифта шудааст, яъне  6 ҷиноят кам шудааст. Қаллобӣ  имсол 1452 адад  содир гашта, соли гузашта  он 1890 ҳолатро ташкил медод,  яъне  ин намуди   ҷиноят 438 адад кам шудааст.

Муфаттишони прокуратура дар ин давра тафтиши 1903 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 1788 адади онро барои баррасӣ ба суд ирсол карданд. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ 47, 4 миллион сомонӣ зарар, аз ҷумла 5, 8 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 1935 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида, 157 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: