Дар пешорӯи ду санаи барои мардуми шарифи тоҷик хуҷаста — Рӯзи дониш, ки ба оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи кормандони тиб, ки ба зодрӯзи Шайхулраис Абӯалӣ ибни Сино мутобиқ ва ҳамрадиф гардонида шудаанд, бори дигар худро дар андешаи он дармеёбем, ки ин ду мафҳум, яъне дониш ва беҳдошти миллӣ ҳамеша ҳамрадифи рӯзгори миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо будаанд. Чунин нигоштааст Шоири Халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО дар робита ба Рӯзи дониш ва Рӯзи кормандони соҳаи тибби мамлакат.
Ҷойи ифтихор аст, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи шарифаш бузургтарин намояндагони илму адабу дониш ва донишмандони соҳаи тибро ба олам додааст, ки на танҳо дар фарҳанги миллии мо, балки дар илму маърифату маорифи башарӣ саҳми бузургу нозудуданӣ гузоштаанд.
Яке аз зуҳуроти дурахшони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо гузаронидани Дарси сулҳ ибтидо ёфтани Рӯзи дониш дар тамоми макотиби миёнаву олии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон мебошад. Яъне ибтидои ҳама кору пайкори халқ ва Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҳадафҳои башардӯстонаву хайрхоҳона дорад.
Иштироки бевосита ва суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳарду сана, ҳам Рӯзи дониш ва ҳам рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ ба шукӯҳ ва таҷлили ин санаҳои муборак ва ин мафҳумҳо ҷилову дурахши тоза мебахшад ва гувоҳи арҷгузории баланди Сарвари давлат ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошад.
Чуноне ки дар яке аз ин суханрониҳои худ Пешвои миллатамон арз доштаанд: “Мафҳуми дониш барои халқи мо аз замонҳои қадим то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Бузургони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд”.
Аз ин рӯ, бо назардошти нақши бузурги илму маърифат Ҳукумати мамлакат дар даврони истиқлолият масъалаи рушди илму маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ эълон кардааст. Ин ду соҳаи хеле муҳим ва афзалиянок дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз самтҳои асосии ҳаёти халқи соҳибистиқлоли мо дониста шудаанд.
Тоҷикон яке аз халқҳои бостонии сарзамини куҳанбунёди Мовароуннаҳр ва Ориёнои бузург мебошанд, ки аз замонҳои қадим таълимгоҳҳо, дабистону дабиристон, мактабу мадрасаҳое доштаанд, ки дар онҳо ба наврасон ва ҷавонон маълумоти ибтидоӣ, таълими миёна ва олӣ дода мешуд. Аз рӯзҳои нахустини барпо гардидани сохти нав дар ин сарзамин ба масъалаи маориф, низоми таълиму тарбия диққати махсус дода мешуд.
Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд шакл ва мазмуни тоза касб намуда, дар соҳаи маориф муносибатҳои сифатан нав ба вуҷуд омаданд, ки онҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сарфи назар аз мушкилоти замони гузариш Ҳукумати Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи афзалиятноки мамлакат зери назар ва пуштибонии худ қарор дод. Дар ин давра барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардиданд. Дар ин давра бори сеюм аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” бо тағйироту иловаҳо аз нав таҳия мешавад. Дар баробари ин, барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ таҳия гардидаанд.
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон низомномаҳои ҳамаи намудҳои мактабҳои таҳсилоти умумиро вобаста ба талаботи замони нав таҷдиди назар намуд. Дар давраи гузариш ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди амалӣ сохтани истилоҳоти куллии соҳаи маориф ва таъмини пешрафти соҳа гаштанд ва барои такмилу таҳкими соҳаи маориф шароиту имкониятҳои тоза фароҳам оварданд. Вазъи мактаб дар ҷомеа ба куллӣ тағйир ёфт. Нақши мактаб ҳамчун манбаи мустақили фарҳангу маданияти миллӣ васеъ гардид. Афзоиши маблағгузории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ дар солҳои истиқлолият назаррас буда, қисмати асосии маблағҳои барои соҳа ҷудогардида маҳз ба ин зинаи таҳсилот сарф карда мешаванд. Дар ин чанд соли охир сохмони мактабҳои замонавӣ афзоиш ёфта, шумораи мактаб-интернатҳо ҳам зиёд гардиданд, тамоми муассисаҳои таълимӣ бо техника ва технологияи нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатии худ дар самти сиёсати иҷтимоии мамлакат таъкид намуданд, ки: “Дар панҷ соли оянда фаъолияти Ҳукумат ба баланд бардоштани сифати рушди неруи инсонӣ нигаронида шуда, ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муҳити зист ва шуғл диққати ҷиддӣ дода мешавад ва дар натиҷаи амалӣ гардидани чунин тадбирҳо Тоҷикистон дорои сатҳи баланди рушди инсонӣ мегардад”.
Пешвои миллат дар паёмҳои хеш аз хусуси таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардонидани низоми таълим низ таъкид ба амал меоварданд. Дар ин маврид дар Паёми навбатӣ изҳор намуданд, ки: «Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Ҳарчанд ки дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд. Барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирр тарбия намоем».
Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз муносибати мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, шаҳрвандон оғоз карда, то таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ба ҳифзи саломатӣ, муайян кардани ҳуқуқи касбӣ, вазифаҳо ва масъулияти кормандони тиббӣ ва фармасевтӣ, муайян ва муқаррар кардани кафолати ҳимояи иҷтимоии онҳо, муайян ва муқаррар кардани риояи ҳуқуқӣ, инчунин вазифаҳои шаҳрвандон, гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ба назар гирифта шудаанд. Яке аз нуқтаҳои муҳим дар қонунгузории мо «Таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарии ройгон бо тартиби муқарраршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Дар ин қонунгузорӣ “инкишоф додани самтҳо ва хадамоти афзалиятноки системаи давлатии нигаҳдории тандурустӣ, таҳия кардан ва амалӣ гардонидани барномаҳои мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳимтарини ҳифзи саломатии аҳолӣ; инкишоф додани илм, тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва баландихтисоси тиббӣ; истифодаи дастовардҳои илму техника ва амалияи тиббӣ дар фаълолияти муассисаҳои нигаҳдории тандурустӣ”, андешаву тадбирҳои дигар барои солимгардонии муҳити зист ва пешрафти соҳаи тандурустиву ҳифзи саломатии мардум дар назар доштаву таъкид шудааст.
Ҷолиб аст, ки масъалаҳои рушду нумӯъ ва ҳалли ҷиддитарин мушкилоти соҳаи маориф ва тандурустӣ ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Пешвои миллатамон ва Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Мулоқоти Президентамон соли гузашта бо аҳли зиёи мамлакат маҳз ба ҳалли ҷиддии масъалаҳои номбурда нигаронида шуда буд, ки дар натиҷаи он як барнома ва нақшаи тозаи эҳёи ин ду соҳаи хеле муҳим таҳия гардидаву пайгирӣ мешавад.
Солҳои охир мо шоҳиди бунёдкориву ободиҳои беназир ҳам дар соҳаи маориф ва илм ва ҳам дар соҳаи тандурустӣ ҳастем. Бунёди даҳҳо мактабҳои замонавӣ бо фароҳам овардани беҳтарин шароит ва имкониятҳои модерн; таъсису бунёди даҳҳо табобатхонаву шифохонаҳо бо дастрасӣ аз навтарин ҷиҳозоти тибби замон на фақат дар пойтахти мамлакат, балки дар дурдасттарин гӯшаҳои он, нишонаҳои амалӣ гардидани сиёсати афзалиятбахши Ҳукумати Тоҷикистон ва бевосита Пешвои миллатамон ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим мебошанд.
Имтиҳони хеле шадиду гароне, ки бар сари мардуми мо омаду фоҷиаҳои ғайричашмдошт, яъне талафоти ҷонии мардумро ба бор овард, ҳамин эпидемияи фоҷиабори коронавирус (COVID-19) буд, ки дар ин мавзӯъ чандин ибрози назар доштем. Ин бемории охирзамон, пеш аз ҳама, барои табибон ва кормандони соҳаи тандурустии мамлакат имтиҳони ҷасорату мардонагӣ ва касбӣ гардид. Аксари табибони тоҷик, ҳамшираҳои ҳафқат ва кормандони хурди соҳаи тандурустӣ, онҳое, ки бевосита ба муолиҷаи ин бемории марговар машғул буданд, воқеан ҳастии худро дареғ надошта, ҷон ба гарав монда, бо садоқат ба қасами тиббии худ фидокорона вазифаҳояшонро иҷро намуданд. Дар ин саф қаҳрамонони воқеӣ кам нестанд. Гувоҳи ин гуфтаҳо бештар қурбони ин беморӣ гардидани худи табибон аст. Шараф ба онҳо!
Вазъияти хеле мураккаби байналмиллалӣ, таҳдидҳои фоҷиабори экологӣ, ҳузури терроризми байналхалқӣ, балоҳои нобаҳангоме, ки ахиран бар сари инсоният ва сайёраи мо омадаанд, хусусан коронавирус ва таҳдиди дигар фоҷиаҳои ҷаҳонӣ, ки пешомадашонро муайян кардан душвор аст, хоҳ-нохоҳ таъсири ҷонкоҳи худро ба давлати мо, иқтисодиёту иҷтимоиёти он расонидаву мерасонанд.
Имрӯзҳо ба ҳар ҳол дар қатори дигар кишварҳо то ҷойе муқовимат карда тавонистани Тоҷикистон бар зидди ин бемории сирояткунанда, пешгирии саривақтӣ аз воҳимаҳову ҳангомаҳо аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва мардуми фарҳангсириштамон ба мо неру ва умед мебахшанд, зеро ин гувоҳи сиёсати дурустро пеш гирифтани Ҳукумати Тоҷикистон ва мавқеи солимро ишғол кардани мардуми тоҷик аст. Бо ин ҳама мардум ва Ҳукумати моро зарур аст, ки дар ин самт бештар аз ҳарвақта фаъолу ҳушёру зирак бошанд.
Имсол вобаста ба вазъияти ба амаломада тартиби омодагӣ ва баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.07.2020 тасдиқ карда шудааст. Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф, Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҶТ ва қарори тавсиявии Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) таҳия гардидааст, ки дар он ҳама нуктаҳо ва тартиботи ногузир зикр ёфтаву ба оғоз ва идомаи бобарори соли нави таҳсил мусоидат хоҳанд кард.
Дар Рӯзи мубораки дониш ва арафаи Рӯзи кормандони тибби мамлакат бо такя ба маърифати зотиву таълимоти беназири тандурустии гузаштагонамон умед мекунем, ки хиради зотии халқамон нигаҳбони боэътимоди миллати нексиришту хайрпешаамон хоҳад буд ва аз ҳама балоҳои заминиву осмонӣ онро нигоҳ хоҳад дошт. Танҳо ягонагии халқу Ҳукумати Тоҷикистон, сиёсати дурусти ғамхорона нисбат ба аҳолӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ягонагии мо дар ин замони хеле вазнин сипари боэътимоди халқу ватанамон будаанду хоҳанд буд.
АМИТ «Ховар»