ВКХ Қазоқистон аз иштироки масъулони бетартибиҳо дар амалиёти ҷангӣ хабар дод

Дар бетартибиҳое, ки боиси сар задани эътирозҳои зиёд дар Қазоқистон гардиданд, ҷангҷӯёни ҷонибдори исломгароён иштирок доштанд. Онҳоро дар хориҷа омода кардаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзномаи «Коммерсант» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон навиштааст.

 «Тибқи маълумоти пешакӣ, дар байни ҳамлагарон шахсоне ҳастанд, ки дорои таҷрибаи иштироки ҷангӣ дар «нуқтаҳои доғ» аз тарафи гурӯҳҳои тундрави исломӣ мебошанд», — хабар медиҳад ВКХ Қазоқистон.

Ба иттилои вазорат, Қазоқистон «ба таҷовузи мусаллаҳонаи гурӯҳҳои террористие, ки дар хориҷ аз кишвар таълим гирифтаанд, дучор шудааст». Полис ва артиши ин кишвар бо «террористҳо» муқовимат мекунанд, на бо эътирозгарони осоишта.

Мавриди зикр аст, ки имрӯз сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов иброз дошт, ки дар бетартибиҳои Қазоқистон «ҳазорон нафар ҷиҳодиён ва ғоратгарон» даст доранд. Қаблан мақомоти ин кишвар иддао карда буданд, ки миёни боздоштшудаҳо теъдоди зиёди хориҷиён низ ҳастанд. Аммо ягона шаҳрванди боздоштшуда, ки дар расонаҳои давлатӣ нишон дода шуд, як навозандаи ҷаз аз Қирғизистон аст, ки ба ин кишвар бо сафари ҳунарӣ  рафта буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: