Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия мулоқот намуданд

6 феврал дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия дар шаҳри Путраҷайя мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин Абдуллоҳ баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, фарҳангӣ, муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду тавсеаи ҳамкории дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, зарурати идомаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду давлат ва вусъат бахшидани ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: