3 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҷараёни суҳбат раванди мусбати густариши робитаҳои Тоҷикистону Фаластин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳким ёфтани муколамаи сиёсӣ таъкид гардид. Дар баробари ин таваҷҷуҳи тарафайн ба зарурати афзоиши робитаҳо ҷиҳати истифодаи густурдаи зарфиятҳои ҳамкорӣ бар асоси дӯстии пойдор байни ду давлат ҷалб шуд.
Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки сулҳи одилона, пойдор ва доимӣ дар Ховари Наздик танҳо дар сурати амалӣ гардидани қароре имконпазир буда метавонад, ки бар ҳамзистии осоиштаи ду давлати мустақил – Фаластин ва Исроил устувор аст.
Дар фарҷом Сироҷиддин Муҳриддин ба нахустин Сафири муқими Фаластин дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуда, омодагии Вазорати корҳои хориҷиро баҳри мусоидат ба ифтитоҳи Сафорати Фаластин дар Душанбе изҳор кард.
АМИТ «Ховар»