Вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват кард, ки дар пешбурди муколама бо ҶХДК кумак намоянд

Сулҳ дар нимҷазираи Корея калиди шукуфоии тамоми Авруосиё мебошад. Дар ин бора  имрӯз, 25 ноябр, вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Кан Гён Хва ҳангоми суханронӣ дар Сеул дар 13-умин Форум оид ба  ҳамкорӣ таҳти унвони  «Ҷумҳурии Корея — Осиёи Марказӣ» ибрози назар намуд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин  бора агентии Yonhap хабар додааст.

Вазири корҳои хориҷӣ ширкаткунандагонро даъват кард, ки кӯшишҳои Сеулро ҷиҳати ба роҳ мондани муколама бо ҶХДК ва барқарор сохтани  сулҳи пойдор дар минтақа дастгирӣ кунанд. «Сулҳ ва шукуфоӣ дар нимҷазираи Корея — ин инчунин роҳ роҳ ба сӯи сулҳ ва шукуфоии умумӣ дар тамоми қитъаи Авруосиё аст», — зикр намуд Кан Гён Хва.

Вазир иброз дошт, ки сарфи назар аз он ки музокирот бо ҶХДК ба бунбаст афтодаанд, Сеул «қотеъона талошҳояшро барои рафъи хатари ҷанг ва аз силоҳи ҳастаӣ озод намудани нимҷазира идома хоҳад дод». «Бо вуҷуди тамоми мушкилот, мо набояд аз созишномаҳое, ки дар сатҳи баланд  ва саммитҳо байни сарварони ҶХДК ва ИМА ҳосил шуда буданд, даст бикашем. Мо набояд кӯшишҳоро ҷиҳати аз сар гирифтани муколама бо Шимол” қатъ кунем”, — илова намуд Кан Гён Хва.

Дар форум намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла дипломатҳои пешбар аз Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон ва  Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Тибқи иттилои Yonhap, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамгироӣ дар мубориза бо сирояти коронавирус ва таҳкими ҳамкории иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: