ТВТ.17.08.2022. 15 август мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо раиси ҶСП «Телевизион ва радиошунавонии Озарбойҷон» Ровшан Мамедов баргузор шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масъалаҳои ташкил ва гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ё курсҳои такмили ихтисос барои омода намудани барномаҳои сиёсиву фарҳангӣ, телевизионӣ, радиоӣ ва намоиши филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 29 майи соли 1992 барқарор шудаанд.
Аз 22 сентябри соли 2007 дар Тоҷикистон Сафорати Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон 23 марти соли 2008 ба фаъолият оғоз кард.
Муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Озарбойҷон ба таври анъанавӣ дар рӯҳияи эҳтиром ва шарикӣ инкишоф меёбанд. Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҷонибдори устувору пайгиронаи густариш ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ буда, мавқеи муштаракро оид ба баланд бардоштани самаранокии СММ, САҲА, ИДМ, СҲИ, ЭКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки узви онҳо мебошанд, тарафдорӣ мекунанд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»