Тоҷикистон ва Амрико дар оянда ба ҳамкории байнибонкӣ тақвият мебахшанд

Бонки миллии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои байнибонкӣ бо бонкҳои Амрико таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Чунин гуфта шуд зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо Сафири  Фавқулода ва Мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Душанбе доир гардид.  

Дар мулоқот густариши ҳамкории гуногунҷанба ва ироаи кумаки техникӣ баррасӣ гардид. Дипломати амрикоӣ гуфт, ки зарурати тавсеа бахшидани ҳамкории дуҷониба фаро расидааст ва кушишҳои муштараки мо натиҷаи хуб ба бор оварда, ба рушди низоми бонкӣ ва иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд намуд.

Таъкид шуд, ки солҳои охир нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ рушди назаррас дошта, муътадилии сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ нигоҳ дошта шудааст. Инчунин ҳангоми вохӯриҳо дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони хурду миёна, хусусан занони соҳибкор маълум гардид, ки дастрасии хизматрасонии бонкӣ, гирифтани қарзҳо ҷиҳати рушди фаъолияташон дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.

Ҳоким Холиқзода таъкид намуд, ки  бо мусоидати Сафорати Амрико солҳои охир Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпуси волонтёрон оид ба рушди хизматрасонии молиявӣ ҳамкорӣ намуд, ки дар натиҷа дар ин давра ду марҳилаи барномаи кумаки техникӣ аз рӯи лоиҳаи «Баланд бардоштани тамомияти молиявӣ ва таҳкими суботи молиявӣ ва дастрасӣ дар Тоҷикистон» дар амал татбиқ карда шуд. Зимни татбиқи онҳо масъалаҳои таҳкими суботи молиявӣ, васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ, ҷорӣ намудани муқаррароти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ (СБҲМ) ва арзёбии сифати аудити дохилӣ ҳалли худро ёфта, бо иштироки кормандони Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат зиёда аз 20 чорабинии таълимӣ гузаронида шуд. Алҳол  кор дар самти татбиқи марҳилаи сеюми кумаки техникӣ, ки ба беҳтар кардани мониторинг, таҳлил ва арзёбии нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявӣ равона шудааст, идома дорад. Он ба арзёбӣ ва андешидани тадбирҳои мушаххас оид ба коҳиш додани хавфҳо дар низоми молиявӣ мусоидат мекунад.

“Бонки миллии Тоҷикистон бо Департаменти хазинадории ИМА ҳамкории зич дорад. Барои мисол, тасдиқи кумаки техникии Департаменти хазинадории ИМА дар соли 2021 барои рушди бахши суғурта тариқи гузаронидани таҳлили бозори суғуртаи ҷумҳурӣ, таҳкими назорат аз болои ташкилоти суғурта, омода намудани ҳисобот барои низоми суғурта ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони Бонки миллии Тоҷикистон намунаи хуби ҳамкории судманди тарафҳо мебошад”, гуфт Ҳоким Холиқзода.

Мавсуф изҳори умед намуд, ки ҳамкорӣ бо Сафорати Амрико дар самтҳои барои Бонки миллии Тоҷикистон муҳим ва зарурӣ, аз қабили ҷалби кумаки техникӣ ва машваратӣ ҷиҳати нигоҳ доштани субот дар бахши пулию қарзӣ ва молиявӣ, беҳтар кардани заминаи сиёсати макропруденсиалӣ ва арзёбии хавфҳои низом, таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати ташкилоти қарзии молиявӣ, амнияти иттилоотӣ, мубориза бо таҳдидҳои киберӣ,  рушди бозори коғазҳои қиматнок ва таҳкими назорати фаъолияти низоми пардохт, дар амал татбиқ намудани бандҳои Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати молиявии аҳолӣ идома меёбад.

Таъкид шуд, ки бинобар баргузор гардидани машваратҳои дуҷониба дар  тирамоҳи имсол Сафорати Амрико  ҷиҳати ба рӯзномаи ҷаласаи машваратии мазкур ворид намудани масъалаи рушди муносибатҳои муросилотӣ байни низомҳои бонкии ИМА ва Тоҷикистон мусоидат намуд.

Tags: