25-26 марти соли равон Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода ба шаҳри Урумчии Ноҳияи худмухтори Синзян Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин сафари корӣ анҷом дод.
Тавре Сафир бо Раиси Ҳукумати мардумии Ноҳияи худмухтори Синзян Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Шуҳрат Зокир доир гардид, ки зимни он доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла, бо Синзяни Чин баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои идомаи бобарори ин ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳо ҳавасмандии худро баён доштанд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тақвияти кори Зеркомиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Ноҳияи мухтори Синзян-Уйғур изҳор намуданд, ки он метавонад ба рушди равобити мо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ мусоидат намояд.
АМИТ "Ховар"