Паҳлавони маъруфи мамлакат Темур Раҳимов дар мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон, ки дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуд, сазовори ҷои панҷум гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Темур Раҳимов дар вазни +100кг дар даври аввал бар варзишгари Австрия Стефан Ҳегӣ, дар даври дуюм бар паҳлавони Исроил Ор Сассон ғалаба карда, дар чорякфинал аз намояндаи Россия Инал Тасоев, ки медали нуқраи ин вазнро ба даст овард, мағлуб шуд. Темур дар қувваозмоии тасаллобахш бар варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Минйонг Ким пирӯз шуд, вале дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз паҳлавони Украина Йакив Хаммо шикаст хӯрда, ҷои панҷумро ишғол намуд.
Темур Раҳимов барои ҷои панҷум дар мусобиқаи ситораҳои дзюдо 648 хол ба даст овард, ки ин мавқеашро дар раддабандии олимпӣ ҷиҳати ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио мустаҳкамтар хоҳад кард.
Дар ин мусобиқаи бонуфузи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон се варзишгар-Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов даъват шуда, Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни -73кг дар даври аввал аз ҳарифонашон мағлуб гардиданд.
Ҳар се паҳлавон аз дастгирии молиявии олимпӣ бархурдор буда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпии Токио-2020 талош мекунанд.
Мусобиқаи ситораҳои дзюдои ҷаҳон аз 11 то 13 январ дар шаҳри Давҳаи Қатар баргузор шуда, дар он 398 варзишгар (215 мард, 183 зан) аз 68 давлати дунё иштирок намуданд.
Федератсияи байналмилалии дзюдо тақвими мусобиқаҳоро то Бозиҳои олимпӣ нашр кард, ки муҳлати интихобӣ 28 июн бо баргузории Чемпионати ҷаҳон ба анҷом мерасад.
Паҳлавонони мо имкон доранд моҳи феврал дар Гранд Слами Телавив, Ҷоми Осиё дар Ҳонгконг, моҳи март дар Гранд Слами Тошканд, Гранд Слами Тбилиси, моҳи апрел дар Гранд Слами Анталия, Чемпинати Осиё дар Қирғизистон, моҳи май дар Гранд Слами Париж ва моҳи июн дар Чемпионати ҷаҳон дар Будапешт иштирок карда, барои ба даст овардани роҳхати Бозиҳои олимпӣ талош кунанд.
АМИТ «Ховар»