Муҳаррирони иқтисодӣ

Шарофиддинов Нуралӣ

Шарофиддинов Нуралӣ 5-уми январи соли 1986 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 2006 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2011 онро бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 2018 то соли 2020 дар идораи барномаҳои иттилоотии «Телевизиони Тоҷикистон» ба ҳайси муҳаррир фаъолият намудааст. Дар давоми фаъолияти корӣ дар идораи «Ахбор»-и «Телевизиони Тоҷикистон» мавзўъҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоӣ, варзишӣ ва фарҳангиро пайгирӣ ва бо сабку услуби хосса пешниҳоди бинандагони «Телевизиони Тоҷикистон» намудааст.