Ширкати «IRS»: роҳи мошингарди «Душанбе-Чаноқ» муваққатан баста шуд
Опубликовано вт, 05/02/2019 - 14:22 пользователем admin
Бинобар шадид ва беист будани бориши барф ва ниҳоят зиёд будани хавфи тармафароӣ дар асоси муқаррароти фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт аз километри 47 — уми роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ ба самти Хуҷанд ва аз километри 81- ум ҷониби Душанбе муваққатан боздошта шуд.


Нимаи дуюми имрўз бинобар боришоти шадиди барф ва тармафароии зиёд бо мақсади таъмини бехатарии ронандагону мусофирон аз километри 48 то 73-юми роҳи Душанбе- Чаноқ ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан боздошта шуд.