Фарҳанг

Ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Марат Орифов даргузашт

Дирӯз дар Душанбе пас аз бемории тӯлонӣ Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва ҳунарманди шуҳратёри соҳаи кино Марат Орифов дар синни 84 дунёро тарк кард.

Марат Орифов 27 августи соли 1935 дар Сталинобод (Душанбеи ҳозира) таваллуд шудааст. Модари ӯ ҳунарпеша ва сароянда, Ҳунарпешаи мардумии СССР ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Туҳфа Фозилова мебошад.

Страницы