заминчунби

Дар Душанбе қувваи зилзила чор баллро ташкил дод

Имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон тахминан соатҳои 12:06 – 12:10  заминларза ба қайд гирифта шуд.

Сокинони шаҳри Душанбе ба мо хабар доданд, ки ларзидани заминро дар минтақаҳои мухталиф, аз ҷумла дар Душанбе, Панҷакент ва Хуҷанд эҳсос кардаанд.

Тавре  аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тибқи маълумотҳои пешакӣ маркази зилзила дар кӯҳҳои Ҳундукуши Афғонистон ба қайд гирифта шуда, ларзиши он дар маркази зилзила 6, 1 баллро ташкил дод.